МО ҲАМХОНАЕМ

Ифтихорам буд, ки мо халки пурафсонаем,
Бар сари мулки азизи худ ҳама парвонаем.

Бингарӣ имрӯз машҳури ҷахон бо худкушӣ,
Дар диёри хеш, эй ваҳ, бекасу белонаем.

Байни як халқи ҷахон тухми нифоқ андохтанд,
Ашкполо дидаву мӯхтоҷи арзандонаем.

Баъди даҳ садсола боре соҳиби давлат шудем,
Зери по кардему онро сокини вайронаем.

Халқи олам тоҷиконро тоҷдоре гуфтаанд,
Мои дурр аз худшиносӣ гашта, з –ин ҳайронаем.

Ӯлмасо, туркизабонию дилат бо тоҷик аст,
Ҳар ду ин халқи кӯхан гӯянд: — мо ҳамхонаем.

(Шеър дар васфи точику узбекони точикистон)

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close