МОДАР

Бувад зебо ҳати ман ба модар
Баробар кист? дар дунё ба модар!
Азизон, қадри модарро бидонед,
Набошад ҳеҷ кас ҳамто ба модар.

Аё модар, туро манн ёд кардам,
Ба ёд нолаву фарёд кардам.
Бадида сурататрову бароят
Ду байте аз дилам эҷод кардам.

Аё модар, туӣ пайғамбари манн,
Ту ҳастӣ офтобе бар сари манн.
Надонам, баъди рафтан аз ҷаҳонат
Ки бошад такягоҳу ёвариман?

Туӣ, модар, беҳ аз дунё бароям,
Ту ҳастӣ беҳтарину бебаҳоям.
Худоям қудрате гар ҳадя созат,
Бароят достоне месароям.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail