МОДАР

Бӯи ҷону бӯи нону бӯи пистон,
Бӯи гулҳои баҳори баччагӣ,
Бӯи шири гарми навдӯшида меояд
зи дастони ту, модар.
Дар рухат ожангҳо чун сатри шеъри зиндагӣ,
Офарин хонанд бар азму ба имони ту, модар.
Пир гаштӣ, шуълаи ҳуснат парид,
Офтоби зиндагият бар сари кӯҳе расид.
Панҷаҳои нарму печони ту ногиро шуданд,
Чашмҳои барқафшони ту нобино шуданд.
Мӯйҳоят ранги хокистар шуданд,
Пойҳоят аз сафар шалпар шуданд,
На,
Макун бо зиндагонӣ хайрбод

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail