МОДАРАМ

Дар ҷаҳон, модар, маро монанди ту ғамхор нест,
Меҳрубон, мӯнис, ҳабиб, дилбанду дилбардор нест.

Ҳамчу нури дидаву чун шаҳди гул пинҳон будам,
Сурати инсонӣ додӣ, заррае асрор нест.

Даст пеши бар ба пои ту ҳамеорам суҷуд,
Кас чу ман бар хизматат дар ҳар нафас тайёр нест.

Беқиёсӣ, модарам, дар байни модарҳои даҳр,
Гирди манн парвонаӣ, як заррае озор нест.

Сӯзу созат аз ғаму аз шодмонихои ман,
Ҷуз нишотам доруе бар дарди ту даркор.

Ҳарфи ту қаймоки ҳар як сӯҳбату ҳангома аст
Чун каломат шахдрезу рӯхнавоз ашъор нест.

Гар бигӯям меҳрат оташ, сӯзад аз ин гап забон,
Меҳри ту худ офтобе, ки ба ташбеҳ зор нест.

Ҷои селӣ сила кардӣ Ӯлмасатро вақти ҷурм,
Дар китоби рӯзгорат як хати озор нест.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close