МОДАРАМ АЗ КОР ОМАД

Модарам аз кор омад,
Монда шудасту хаста.
Мехоҳад ки дам  гирад
Дар кунҷи кат нишаста.

Ку-ку мегӯ пеши дар,
Мурғаки  шилшилапо!
Ав-ав накун ин қадар,
Алмоси гапнодаро!

Вақти мияв-мияв нест,
Гурбаяки бехабар!
Шақ-шак худро бас кун,
Шақшақаи алопар!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close