МОДАРАМ, ЭЙ МОДАРИ ДУНЁНАДИДА

Рӯзҳои шоду беосебамон буд.
Як дарахти себамон буд.
Зери боли шохҳояш
ҷойгоҳи хобамон буд,
Нонамон буд, обамон буд.
Модарам дар ҷода мегашт,
Хушқаду озода мегашт.
Аз таҳи рӯмоли гардӣ
Миларо сар дода мегашт.
Як дарахти тутамон буд,
Моядори будамон буд.
Донамон буд бо ҳама бедонагӣ,
Шиннияш1 сармоядори қутамон буд.
Тут мехушконд модар,
Баҳри кирмак барг мечид.
Ҷони мо ҳам барги ларзон буд,
Ҷони моро аз даҳони марг мечид.
Кулии пургандуме ҳам доштем,
Рангу рӯи мардумӣ ҳам доштем.
Нони рӯи хонамон буд,
Хунамон буд, ҷонамон буд.
1. Шиннӣ – ширинии тут.
Куллиёти ашъор 279
Модарам чанголӣ мекард,
Кай заифинолӣ мекард?
То ки мо бошем ҳамболи замона,
Бо замон ҳамболӣ мекард.
Чашмае болои деҳ буд,
Гӯиё Мавлои деҳ буд.
Пурсахотар аз ҳама дарёи олам,
Давлату дунёи деҳ буд.
Модарам з-он чашма меовард об,
Рӯи моро ҳар саҳар мешуст.
Гӯӣ бо нури сабоҳӣ
Баҳри фардои башар мешуст…
Модарам, эй модари покизаҷон,
дигар чӣ гӯям?
То кунун з-он оби чашма тозарӯям.
Тозарӯ дар пеши ту, дар пеши фардо,
Тозарӯю тозадил дар пеши дунё…
Ҳар гаҳе бар зодгоҳам раҳ бигирам,
Дар сари хоки ту мехоҳам бимирам.
Модарам, эй модари дунёнадида,
Мисли ту покизадил дунё надида!
9.1.1989

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail