МОДАРИ ШОИР

Ашк резонда модари шоир,
Менамояд муроҷиат:
–Эй халқ
Дар хатар зиндагии фарзандам!..
* * *
Писараш шоири муборизи Шарқ,
Номи ӯ ошно ба ҳар яки мост.
Бо фурӯшандагони халқи худ
Бурда буд ӯ мубориза, мехост:
Халқаш озод гардаду хушнуд!
Ӯ намехост кишвари ӯро
Бинамоянд асир хориҷиён,
Англису америкоиҳо
Хӯҷаинӣ кунанд бар сарин он…
Ӯ мубориз!
Намешавад маъюс.
Аз паси оҳанин панҷараҳо,
Месарояд суруди нав ҳар рӯз,
Дар ҳама ҷо садои ӯ бурро!
Нозим Ҳикмат муборизи ватан аст,
Дар хатар, бахту зиндагонии ӯст.
Ин замон медиҳад ба дасташ даст,
Сулҳро ҳар касе, ки дорад дӯст!
* * *
Ана, дар байни кӯча истодаст,
Ғазаболуду дар назар чун шер,
Шеъри фарзандро гирифта ба даст,
Модари шоири ҷасуру далер.
Ӯ наметарсад аз аҷал асло;
Мон, ки аз ҳайбаташ аҷал тарсад!
Ӯст модар, азиз дар дунё,
Қасри зулм аз садои ӯ ларзад!
Модар ӯ!
Лоиқаш бувад ин ном,
Шарафаш бод!
Мақсадаш равшан,
Бо маҳорат муборизи рассом,
Мекунад хизмат аз барои Ватан.
Писари ӯст шоири даврон,
Ҳарду доранд халқи худро дӯст,
Ошкоро, ки қисмати онон –
Қисмати Туркияву халқи ӯст!
* * *
Ҳайкалосо ситода бар сари роҳ
Модари Туркия!
Дилаш пурғам,
Рӯю мӯ кандаст ӯ аммо
Дил қавию иродааш маҳкам.
Менамояд талаб:
– “Кунед озод
Писарамро, сарам фидояш бод”
“ШАвад озод зудтар писараш!”
Ҳаст овози халқҳои ҷаҳон.
Анқара менамуд дар назараш
Даҳшатовар, сияҳтар аз зиндон!..
Туркия тира…
Дар дили модар
Медурахшад шарораи уммед.
Субҳ наздик!
Субҳ дар паси дар!
Мебарояд ба бахти вай хуршед!
С. 1950

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close