МОҲИИ ТИЛЛО

Оби Ому як замон мерехт дар баҳри Хазар,
Як замон аз назди ҳавлии ту мекардам гузар.
Ман ҷавони сода будам,
Бо ту ман дил дода будам.
Дер шуд,
Ман аз муҳаббат дер мондам.
Аз дари дарвозаам бахти фиребоям гузаштаст,

То дарамро боз кардам, рафту
н-омад бори дигар.
То кунун ман дар лаби дарёи қисмат мунтазир,
Мунтазир бар моҳии тилло чу он сайёди пир…
Лек моҳии тило як бор меояд ба шаст,
Оҳ, ман сайёди навомӯз будам.

Ман ба сайди бастапо дилсӯз будам,
Моҳии заррин фитоду чанги зарринам шикаст.
Чашми ту чун чашми гулмоҳӣ ба ёдам меравад,
Дасти ту мелағжад аз дастам чу моҳӣ аз кафам.
Ту зи ман рафтӣ ба дарё,

Бе ту мондам ман ба хушкӣ,
Аз ту рафтам, оқибат аз хештан ҳам меравам.
Оби Ому як замон мерехт дар баҳри Хазар,
Як замон аз назди ҳавлии ту мекардам гузар…

1970

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close