Монандаи

Монандаи офтобу маҳтоб ҷудо.
Ҳар сӯ ба талоши зиндагӣ ҷорӣ шудем,
Сарчашма як асту мо чу шохоб ҷудо.
Чун узви замин ба ӯ даромехтаам,
Чун мева ба пои нахли худ рехтаам.
Бо шишаи дил шикаста садҳо сандон,
Бо риштаи дил каманд бигсехтаам.
Бечорааму ҳазору як чора кунам,
Дилро паи дилшиносӣ овора кунам,
З-он чӯб, ки аблаҳе тарошад тобут,
Болор ба хона ё ки гаҳвора кунам.
Эй ёр, ғами ту мегудозад ҷонам,
Чун шаршараҳо гиря кунад чашмонам.
З-он пеш, ки зиндагонӣ аз сар монад,
Бигзор, ба рӯи синаат сар монам.
Чун даргузарам, ба мотамам сур кунед,
Аз хотираам машъалаи нур кунед.
Монандаи аскарони қурбонии ҷанг
Дар гӯри умумие маро гӯр кунед.
Ҳар ҷо ки ҳасуд, кинаҷӯи бадхоҳ
Гардад зи дарунсиёҳии худ огоҳ,
Чун дег ба деги дигаре мегӯяд:
Эй дудзада, тамомии рӯт сиёҳ…
Ман қадди туро бо қадам андоза кунам,
Лабҳои туро ба бӯса шероза кунам.
Овози дилам агар ба гӯшат нарасад,
Бо шеъру суруд ишқат овоза кунам.
Ман рӯи туро ба бӯса гулдӯзӣ кунам,
Дар шоми висоли ту худафрӯзӣ кунам.
Як бор агар лаби ту ояд ба лабам,
Сад сол варо насибаву рӯзӣ кунам.
Эй ёр, маро ба дарди танҳоӣ задӣ,
Дар хоб маро бо васли рӯъёӣ задӣ.
Тире ки задӣ бар дили ман, хуш омад,
Баҳ, баҳ! Ту маро ба тири тиллоӣ задӣ!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close