МӮ ОРОӢ

Ман туро ёд кунам, ёраки манн, меоӣ,
Лутф фармову биё, эй ки маро дунёӣ.
Ёдам омад ҳама он лаҳза, ки бо ҳам будем,
Ошиқи зори туям, гӯй, чӣ мефармоӣ?
Атри оғӯши ту бӯи гули гулдон дорад,
Гули гулдон набувад лек ба ин раъноӣ.
Қиссаи ошиқии мову ту нотакрор аст,
Ба хиёлам ту ба он ҳусни расо яктоӣ.
Ба хиёли ҳаваси васли ту шаб бедорам,
Кош, як бори дигар бар дари манн худ оӣ.
Чу шаби васл биёмад, ту биё, ҷонона,
Ки маро бори дигар ошиқи худ бинмоӣ.
Месазад, баҳри ду зулфи сияҳи ту Гӯё
Бихарад ранг зи бозор, ки мӯ ороӣ.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail