МУАММОИ ВОРАСТАН

Бод мешӯрад,
Барф мепечад,
Дар замин мехобад анвои дарахти ҷангалу беша,
Ё нагун мегардад аз реша.
Дар забони буттаҳо лоҳавли ҷон аст,
Сахт бӯрон аст.

Лек медонед, к-оё, эй вуҳуши дашту ҷангалҳо,
Бими бӯрон бештар набвад зи хавфи рӯзи ороме,
Баски дар ташвири бӯронҳо, ки ҳар дам бими ҷон дорад,
Ҳеҷ сайёде намегардад пайи сайде,
Балки меларзад тану ҷонаш, ки гӯё ними ҷон дорад.

Абр мегиряд,
Раъд меғуррад,
Бар сари сабзи дарахтон сангборон мезанад яксар,
Лонаҳои мурғакон аз шохсорон меканад яксар,
Дар заминҳо обҳо кӯланд,
Чӯҷаҳо дар лой меҷӯланд.

Ҷонатон, эй мурғакон, эмин вале аз доми бедод аст,
Гарчи ҳар дам ёдатон дар ёди сайёд аст.
Ӯ вале дар рӯзи борон боз доман тар нахоҳад кард,
Гарчи боре раҳми мушти пар нахоҳад кард.

Мавҷ бархезад,
Баҳр бистезад,
Пушти дарё мешавад ҳар лаҳза гӯё пуштаву хандақ,
К-андар ин хезобҳо, пастобҳо
Дар назар н-ояд дар ин соат на моҳигиру на заврақ.

Пас, шумо, эй сели моҳиҳои дарёбор,
Дар сари хезобҳо ҷавлон занед озод дигар бор,
Нест моҳигир сер аз ҷон,
К-ӯ равад дар баҳри пуртӯфон.

Бод мешӯрад…
Абр мегиряд…
Раъд меғуррад…
Метавон ворастан аз бӯрон,
Метавон ворастан аз борон,
Метавон ворастан аз тӯфон,
Гар зи инсон метавон ворастан ин сон.

Аз худ оё мераҳад инсон?!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail