Муҳаббат чист?

Муҳаббат чист? – мепурсидӣ аз ман,
Шаби бемоҳ буду беситора.
Садоят буд ларзону шикаста,
Нигоҳат – шӯълаи алмоспора.

Ту мегуфтӣ муҳаббат макру фанд аст,
Дурӯғи бофурӯғу ҳарфи пурроз,
Ту мегуфтӣ, ки мардон бевафоянд,
Ҷавонон ҳуснбозанду назарбоз…

Ман аз ту дур рафтам, шояд акнун
Бигӯӣ худ ба худ: ин ҳам чунон аст.
Кабӯтар доштам ман, пар баровард,
Даме бо ман, даме бо дигарон аст.

Ба дастат шохаи гул, сайр созӣ
Шаби маҳтоб он гулроҳаҳоро.
Қадат дар роҳ гулмаҳтоб гардад,
Вале бе сояи ман нақши танҳо.

Ту донӣ модарони мо сияҳпӯш,
Худоӣ дода бар сарбози мурда,
Варо боз интизорӣ мекашиданд,
Ба тақдиру қазо тан носупурда.

Ту донӣ, ки адӯ чун тир мекошт
Ба хоки зарфишони кишвари мо,
Зи чашма об дода, кишт мекард
Ба саҳроҳои бекас модари мо.

Наёмад мурдае аз сангари марг,
Зи хандақҳо, зи саҳни корзорон.
Валекин то ҳанӯз дунё ба уммед
Ба сӯи роҳ чашми интизорон…

Муҳаббат нест ҳаргиз мисли дарё,
К-аз он ҳар кас тавонад об гирад.
Яке бо каф зи соҳил об нӯшад,
Яке дар байни дарё ташна мирад.

Муҳаббат чист? – мепурсидӣ аз ман,
Шаби бемоҳ буду беситора.
Ва ё акнун баромад ахтари бахт,
Ва ё акнун шабат маҳтоб дора(д)?

7.7.1966

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close