Мурғ ва гул

Субҳдам мурғи чаман бо гули навхоста гуфт:

«Ноз кам кун, ки дар ин боғ басе чун ту шукуфт!»

Гул бихандид, ки: «Аз рост наранҷем, вале

Ҳеҷ ошиқ сухани сахт ба маъшуқ нагуфт».

Гар тамаь дорӣ  аз он ҷоми мурассаъ майи лаъл,

Эй басо дур, ки ба нӯки мижаат бояд суфт.

То абад бӯйи мухаббат ба машомаш нарасад,

Ҳар кӣ хоки дари майхона ба рухсора наруфт.

Дар гулистони  Ирам дӯш чу аз лутфи ҳаво,

Зулфи сунбул ба насими саҳарӣ меошуфт.

Гуфтам: «Эй маснади Ҷам, ҷоми ҷаҳонбинат кӯ?»

Гуфт: «Афсӯс, ки он давлати бедор бихуфт».

Сухани ишқ на он аст, ки ояд ба забон,

Соқиё, май деҳу кӯтоҳ кун ин гуфтушунуфт.

Ашки Ҳофиз хираду сабр ба дарё андохт,

Чӣ кунад?  Сӯзи ғами ишқ наёрист нуҳуфт.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail