Мутриб

Шаб аз мутриб, ки дил хуш бод вайрон,
Шунидам нолаи ҷонсӯзи найро.
Чунон дар ҷоми ман сӯзаш асар кард,
Ки бериққат надидам хеҷ шайро.
Ҳарифе буд маро соқи, ки дар шаб
Зи зулфу рух намудӣ шамсу файро.
Чу шавқам дид, дар соғар майафзуд,
Бигуфтам соқии фархундапайро:
“Раҳонидӣ маро аз қайди ҳастӣ,
Чу паймудӣ паёпай ҷоми майро”.
Ҳамокаллоҳ ан шарр-ин-навоиб,
Ҷазокаллоҳ фи-д-дорайни хайро.
Чу бе худ гашт Хофиз, кай шуморад,
Ба як ҷав мулкати Ковуси Кайро.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail