МУВОФИҚИ АМРИ ПОДШОҲ

Рӯзе подшоҳ аз Мулло Насриддин ранҷиду:
— Дигар ҳаргиз рӯятро ба ман нишон надеҳ. – гуфт.
Мулло бошад :
— Хуб шудааст, гуфту аз назди ӯ баромада рафт. Чанд вақт гузашт. Подшоҳ ба ширинкориҳои Мулло Насриддин
пазмон шуду фармон дод, ки ӯро ёфта биёваранд.
Мулло пеши подшоҳ пуштнокӣ даромад.
Подщоҳ ҳайрон шуда пурсид:
— Худаш чӣ гап, чаро пуштатанро ба мо нишон медиҳед?
— Мулло:
— Подшоҳам, рӯятро нишон надеҳ, гуфта буданд, амри подшоҳ воҷиб, шумо дигар фақат пушти маро мебинед.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail