НАҒЗ МЕБИНАМ ТУРО

Рӯди шӯху тунду тези кӯҳсор,
Нағз мебинам туро!
Қодир туӣ, –
Бе вуҷудуат хира ранги лолазор.
Пеш рав!
Дар интизорат ГЭС-ҳо,
Даштҳои ташналаб дар интизор.
Аз ту тобистони мо серу ғанист,
Аз ту гулпӯш аст айёми баҳор.
Рӯди шӯху тунду тези кӯҳсор,
Нағз мебинам туро.
Бас туӣ
Чун дили шоир ҷавону беқарор.
Бозистодан барои туст марг,
Пеш рав, бо наъра хурдан печутоб,
Ҳарчи садди шоҳроҳат гар шавад,
Маҳву нобудаш намо, чун инқилоб!
Нағз мебинам туро…

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close