Наргис

То дар оғӯши гулистони ман он сарвқад аст,
Наргиси хулди барин боғ маро чашми бад аст.
Ҳеҷ кас аз дили ман кулфати айём набурд,
Рӯзгорест, ки оинаи ман дар ҳамад аст…
Пеши нодон сухани пасту баланд иқбол аст,
Тифлро ғунчаи коғаз гули рӯйи сабад аст.
Мурдан авлост ба ҳусне, ки шавад парданишин,
Шамъро равзани фонус шикофи лаҳад аст.
Гунбази чарх, ки бар рафъати худ менозад,
Ба муқимони сари кӯйи ту пойи расад аст.
Ҳар кӣ ҳамдӯши ту шуд, марг равад аз ёдаш,
Қади раънои ту ҳамсояи умри абад аст.
Сайидо, аз сафари каъбаи дил пой макаш!
Дар биёбони талаб ҳар сари хоре балад аст.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close