НАСИҲАТИ МОДАР

Модарам мегуфт доим вақти хоб:
«Хоб кун, албатта, бо паҳлӯи рост!
Он ҳама коре, ки нийят мекунӣ,
Сар бикун бо қувваи бозуи рост.
Нонро доим ба дасти рост гир,
Пӯш аввал остини ростро,
Гар бибандӣ аҳд, дасти рост деҳ,
Дасти чап не хайр дорад, не бақо».
Хурд будам, бехабар будам ҳанӯз:
Фарқ байни дасти чаппу рост чист?
Хоб кардан, сер будан муддао,
Муддао дар дасти чаппу рост нест.
Баъд фаҳмидам, муроди модарам
З-ин насиҳатҳош дигар будааст:
Бо чунин панду насиҳатҳо ба ман
Ростиро тарбият бинмудааст.
1960

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail