НАВБАҲОР АСТ

Навбаҳор аст, ҳаво ташна дар ин гулзор аст,
Шинаву ҷоми маю соғари гул саршор аст.
Чун чаман соҳиби анҷому сару гул набувад,
Дидайи абр дар ин фасл, ки гавҳарбор аст.
Таблаи мушк ба хуноби ҷигар хобида,
Бӯйи гул дар гавари боди сабо аттор аст.
Баҳри эҳсон ҳаво аз тайи дил дар ҷуш аст,
Ҷониби абр нигаҳ соз, ки гавҳарбор аст.
Даст кӯтаҳ макун аз бода кашиданд, Мулҳам,
Ҷоми май да р чамани айш гули бехор аст.

Ваш отзыв

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *