НАВРӮЗӢ

Наврӯз лола орад,
Май дар пиёла орад,
Пайғоми навбаҳорон
Бар кӯҳу ёла орад.
Наврӯзи навбаҳорон бар дӯстон муборак,
Ҷашни гулу муҳаббат дар бӯстон муборак.
Наврӯз навҷавон аст,
Наврӯз ҷовидон аст.
Аз рӯзгори дерин
Зеботарин нишон аст.
Наврӯзи навбаҳорон бар дӯстон муборак,
Ҷашни гулу муҳаббат дар бӯстон муборак.
1978

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail