Назмхои Наврузи

Навруз расид ёри дирузии ман
Як руз биё барои дилсузии ман
Ғамхои ту куҳнаанд, аммо имруз
Хуштар зи ғами ту нест наврӯзии ман

Дар гирди хони Навруз хешу табору ёрон
Дуранд ё ки наздик, бояст ҷамъ оянд.
Бошад ки сер бинанд соли дароз ҳамро,
Бо ҳамдигар бисозанд, бо ҳамдигар бипоянд.

Дар рўи хони Навруз бояд ки боз бошад
Ҳам шохаи гули тар, ҳам неши сабзи гандум.
Бошад ки бахти одам бошад чу гул шукуфон,
Бошад ки сер бошанд аз нон тамоми мардум.

Дар рўи хони Навруз рамзи баҳори дунё
Ё ҳафтсин бибояд ё ҳафт навдаи он –
То боғи ҳафт иқлим рўи хазон набинад,
То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон.

Дар базми иди Навруз аз ҳафт навъи бода
Ман ҷоми хештанро пур мекунам, ҳарифон,
Менушамаш ба шоди бо кулли мардуми даҳр
Рўи ғаме набинад то ҳафт пушти инсон!

Бародар иди Наврузат муборак
Баробар шуд шабуруз, муборак
Муборак бодат имсолу ҳама сол
Ҳумоюн бодат имрузу ҳама рузат !!!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close