НИКОҲИ МАРГ

Ба зери гунбади гардон,
Ба рағми дунии гардун
Зи бахт рӯй магардон,
Зи ишқ тавба макун,
Ки бо дарахти сари раҳ никоҳ мекунамат,
Никоҳи марг ба санги сиёҳ мекунамат.
Марам зи дарди муҳаббат,
Матарс аз ҳиҷрон,
Марав зи кӯи саодат,
Машав ба худ зиндон,
Ки бегуноҳ шарики гуноҳ мекунамат,
Никоҳи марг ба як барги коҳ мекунамат.
Ту ҳам, ки зодаи инсони орзумандӣ,
Зи хеш оламе овар, зи хеш пайдо шав.
Ишора ба он одатест, ки ҳар касе издивоҷ накарда аз
ҷаҳон бигзарад, рӯзи ҷаноза ба дарахте, санге ё буттае
никоҳ баста, ба хок месупорандаш, то ба он дунё танҳо
наравад. (Гӯянда).
Ту ҳам, ки аз ғами дунё насибае дорӣ,
Ду рӯз муштугиребон ба ҳукми дунё шав.
Ту ҳам ки зодаи ишқи ду ошиқи зорӣ,
Барои хотири онҳо давоми онҳо шав.
Чӣ суд аз ғами пинҳон?
Зи оби дида чӣ суд?
Чунон зи ишқ диле об кун, ки дарё шав!
Зи ишқу ошиқӣ парҳез? Ҳақ надорӣ ту!
Агарчи омадӣ танҳо ба арсаи дунё,
Агарчи меравӣ танҳо ба ҷаннати нася,
Хиёнат аст ба Инсон, агар равӣ танҳо.
Ту лоақал ба дили хеш захми ишқе хур,
Ва ё талотуме афкан ба кӯчаи дилҳо,
Вагарна зистан ин сон кирои мурдан нест,
Ки на шароби шаробӣ, на сиркаи сирко…
Ба инчунин сару сурат,
Ба ин камолу ҷамол
Зи бими дарди муҳаббат,
Зи рӯзгор манол!
Ба ҳаққи аллаи модар,
Ба ҳаққи панди падар
Зи бахт рӯй мегардон,
Зи ишқ тавба макун,
Ки бо дарахти сари раҳ никоҳ мекунамат,
Никоҳи марг ба санги сиёҳ мекунамат!
* * *
То туӣ, дар дили ман шӯру наво хоҳад буд,
Дар саропои ту дил бесарупо хоҳад буд.
То ҷамоли ту чунин бахтнамо хоҳад буд,
Зиндагиям ҳама пурнуру сафо хоҳад буд.
Чӣ кунам, бе асари ишқ басо вақт гузашт,
Вақт бигзашт ва ё аз кафи мо нақд гузашт,
Вақт бигзашт ва ё аз раҳи мо бахт гузашт,
Ки аз ӯ доғи ниҳон дар дили мо хоҳад буд.
Бош худрову маро аз дили афсурда маҷӯй,
Ба гулистон, ки расидӣ, гули пажмурда мабӯй,
Чун ба дарё бирасидӣ, сухан аз ҷӯй магӯй,
То маро бо ту раҳи расми вафо хоҳад буд.
Ман туро сохтаам ҳамчу худои дили хеш,
Ман туро ёфтаам чун раҳи сарманзили хеш.
Рӯди кӯҳам, ки туро ёфтаам соҳили хеш,
Ба умеде, ки дилам комраво хоҳад буд.
Шодмон бошу ҷавон бош барои дили ман,
Ҳар куҷо бошӣ, чунин бош сазои дили ман.
Оҳ, парҳез кун аз рӯзи азои дили ман,
Ки маро бе ту ҳама умр азо хоҳад буд.
То ту ҳастӣ, зи ту уммеди бақоям ояд,
Чун биёӣ зи раҳе, хотираҳоям ояд.
Аз дару боми ту ҳар лаҳза садоям ояд,
Гар зи ёдат биравам, хотираҳо хоҳад буд.
Ҷои афсӯсу дареғ аст, ки бо ҳукми қазо
Бигзарад ин ҳама ошӯби ҷунун аз дили мо.
Гар ба пирӣ бирасам бо ҳама ин хотираҳо,
Ёди ту дар кафи ман ҳамчу асо хоҳад буд…
1988
* * *
Туро арвоҳ зад, арвоҳи Ленин зад,
Ва ё арвоҳи арбобони дерин зад.
Яқин, арвоҳи Ленин зад,
Ки бо номаш қасам хӯрдӣ,
Валекин бо қасамҳоят ғами нафсу шикам хӯрдӣ.
Қарори ҳизбро баҳри қарори хештан хондӣ,
Ғами халқу ватан хӯрдӣ? Қаҳ-қаҳ!
Ғами мафкураи бенанги тан хӯрдӣ!
Зи номи кишвари Шӯро ба ҳар мулке сафар кардӣ,
Билети Ҳизбро бар порахориҳо сипар кардӣ.
1988
* * *
Касе, ки хост шоир бошад, аммо
Зи дасташ байти ғаррое наёмад,
Ба безарфии худ қоим шуду рафт
Аз ин савдои бесомон саломат,
Зи мо сад бор шоиртар бувад ӯ,
Зи мо сад бор қодиртар бувад ӯ,
Сазад хонандагонаш дӯст доранд,
Ба ин сон шоире ихлос оранд…
198

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail