Нишаста

Чун гул тамом доғаму хуррам нишастаам,
Бар рӯйи захми хеш чу марҳам нишастаам,
Умрест аз ҳавову ҳавас чашм бастаам,
Чун ғунча фориғ аз ғами олам нишастаам.
Пӯшидаам чу хона либоси сиёҳро,
Дар марги аҳли хуш ба мотам нишастаам.
Ангушт тар накардаам аз базми аҳли ҷуд,
Селизанон ба суфраи Ҳотам нишастаам.
Бар сар задаст меҳри гули бемурувватӣ,
Ҳайрон ба рӯйи ӯ чу шабнам нишастаам.
Монанди най нафас ба лаби ман гиреҳ шудаст,
Бо аҳли рӯзгор чу як дам нишастаам.
Эй Сайидо, зи саҳв ба базме ки рафтаам,
Аз ашки худ ба силсилаи ғам нишастаам.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close