Номаи ошикона

Ба шамъи базм имшаб арз кардам хомаи худро,
Ба бозуи пари парвона бастам номаи худро.
Чу гул дар қулзуми хун зад маро савдои урёнӣ,
Ба шохи шуъла охир паҳн кардам ҷомаи худро.
Дар ин гулшан димоғам хушк шуд аз бӯйи навмедӣ,
Кашидам дар гиребон ғунчаосо шонаи худро.
Чу шамъ, эй Сайидо, аз ҳастии худ чашм пӯшидам,
Ба як мижгон задан барҳам задам ҳангомаи худро.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close