Нохун

Эй дил, мутеи он бути мижгонфаранг бош!
Бо сокинони каъба муҳайёи ҷанг бош!
Бар рӯйи мунъимон ғазаболуда кун нигоҳ,
Бо ин гуруҳ нохуни шеру паланг бош!
Доме, ки дар муҳити ҳаводис фикандаӣ,
Дар ҷустуҷӯйи арраи пушти наҳанг бош!
Хоҳам, ки по ба кӯчаи осудагӣ ниҳӣ:
Якчанд рӯз дар гарави кафши танг бош!
Саҳрову шаҳр баски зи девона пур шудаст,
Ҳарҷо ки по ниҳӣ бағали пур зи санг бош!
Таклиф агар кунанд ба гулзор, по манеҳ,
Аз гул асо диҳанд ба дасти ту, ланг бош!
Чун каҳрабо макун ба тамаъ рӯйи хеш зард,
Дар базми майкашон чу ранги бода ранг бош.
Ҳамчун камон зи фоқа сари худ масоз хам,
Берун агар зи хона бароӣ, хаданг бош!..
Эй Сайидо, зи сурати девор кам найӣ,
Як ҷо нишин, мусоҳиби номусу нанг бош!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close