НОЗИ НОШИРИН МАКУН

Ҷони ширин, ин ҷафо чандин макун,
Десабаб озори мо беҳин макун.
Дар ғамат моил мани бечароро,
Раҳм кун, бедод беш аз ин макун.
Чанд Гӯӣ, ёри дигар мекунам,
Ҳар чӣ хоҳӣ кун, валекин ин макун.
Хоҳишам бӯсидани лабҳои туст,
Аҳд кардам, кун қабулу ҳин макун.
Дар мӯҳаббат бебаҳо озода бош,
Ноз мекун, нози ноширин макун.
Ишқро гӯӣ, ки таҳлилаш сунин,
Макунӣ, чандин куну таскин макун.
Гӯядат Гӯё, дигар ҳушёр бош,
Бесасаб дигар маро ғамгин макун.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail