ОДАМИ ОДДИИ ҲИНД

Медурахшад чашмҳои ӯ
Мӯйҳояш сафед чун барфанд,
Мӯй не, балки ҳар яке ҳарфарнд,
Ҳарфҳои таронаи ҳинду.
Ҳарфҳое, ки гӯиё бо ман
Ҳамсухан гашта, қиссаи худро
Арз карданд равшану бурро,
Ҳар замон ёд карда номи ватан.
Ҷони би Москва назар бинмуд,
Дид:Рамзи саодати инсон
Панҷгӯша ситораҳо рахшон,
Осмон софу тозаву бедуд,
Дид ӯ халқи сулҳпарварро,
Он, ки бар ҷанг мекунад нафрат,
Ҷониби сулҳ мекунад даъват
Ғарброву ҷанубу ховарро.
Дид:озоду мекунад парвоз
Кафтари сулҳ дар фазои мо.
Рост бинмуда қомати худро,
Марди ҳинду ба гап намуд оғоз…
Одами оддие, ки ҳиндӣ буд,
Мо шунидем ӯ сухан бинамуд.
Кафтари сулҳро гирифта бар даст,
Гуфт:– Бинед!Ҳинд бедор аст!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close