ОДАМИ ХОКӢ

Ахтарони фитода аз афлок
Бори дигар ба осмон н-оянд.
Сарнагун уфтода аз гардун,
Гӯшаеро зи худ наороянд.

Лек инсон равад чу бар гардун,
Пеши хуршед, пеши ахтарҳо,
Боз ояд ба қавмдони худ –
Бар замини падар ва модарҳо.

Хурд рафта, бузург баргардад,
Бехабар рафтаву шаҳир ояд.
По ниҳода ба олами асрор,
Бас музаффар, басе кабир ояд.

Толеи одамест ҳар ахтар,
Ӯ чу афтод, одаме мирад.
Ӯ чу афтод, пирҳо гӯянд, –
Доманеро аҷал ба каф гирад.

На! Чу мирад ситорае дар арш,
Одаме дар замин шавад ахтар.
Ҷойгири ситораи мурда
Сӯи гардун равад чу пайғамбар.

Одамӣ вориси замин будаст,
Боз меросдори афлок аст.
Тоҷи ӯ мерасад ба гардунҳо,
Пои ӯ тоҷи давлати хок аст.

Одамӣ бо ситора ҳамсоя,
Хонаи осмонӣ месозад.
Чун худованди аршу фарши пок
Бахтро посбонӣ месозад.

Дар фалак ӯ ба ҷои ахтарҳо,
Дар замин ӯ ба ҷои аҷдодон.
Одами хокӣ – ахтари зинда,

Шуълаи гарм, нури ҷовидон.
Куллиёти ашъор 59
Он ҳама ахтарони афтода
Бар дили ӯ қарор мегиранд.

Бо дили ӯ парида то афлок,
То қиёмат дигар намемиранд.
Ахтари уфтода аз гардун
Бори дигар ба осмон н-ояд.

Ҷои ӯ аз замин равад инсон,
Сақфи офоқро биорояд.

10.5.1966

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail