ОФТОБИ ХУШНОР

Тираву пурбим буд паҳнои арк,
Рафта буд хуршед аз болои арк.
Лашкару дарбориён аз ду тараф,
Дир миёни аркмайдон баста саф.
Хукм мебурданд Айниро кашон,
Буд сараш бар мушти бадхоҳон нишон.
Хирагӣ мекард туф бар рӯйи нур,
То кунад чун хеш ӯро низ кӯр.
Лек Айнӣ бегумон медид дур,
Олами муздуру марги ин судур.
Чун фуромад боз муште бар сараш,
Рафт зӯри охирин аз пайкараш.
Ҳушаш омад, ки зи по афтондаанд,
Назди як ғӯле ба зону мондаанд.
Хост бар по истодан устувор,
Ихтиёре кард, аммо ку мадор?
Қӯшбегӣ гуфт: «Ин Айнӣ бувад?»
«Ҳо, бале,» — гуфто гурӯҳе деву дад.
Ногаҳон омад садои синасӯз,
«Нест Айни ин, Худоё, ин чӣ рӯз?»
Дид Айнӣ дарзамон сӯйи садо,
Қуввати дил гашт он ҳарфи вафо.
Зери лаб мегуфт Айни чораҷӯй,
Балки ин мегуфт ҳар як тори мӯй:
«Эй дутории фақире аз авом,
Эй ту номуси азизу поки ом,
Як ҳамин овози ту омад бу гӯш,
Аз миёни шӯру ғавғо чун сурӯш.
Як ҳамин овози ту бас буд маро,
К-он сипар бар ҷисму бар ҷон шуд маро.
Баъд аз ин оянда ҳам нобуд нест,
Ранҷи ман беҳудаву бесуд нест.
Эй фидову ин дурӯғи ту манам,
Ман ба роҳи ростин ҷон меканам».
Пас садои қӯшбегӣ шуд баланд,
Чун ба санге хӯрдани неши каланд:
Дурра мебояд задаш ҳафтоду панҷ,
То бидонад хуб, озодӣ чӣ ганҷ.
Ғӯлае бигрифт дар пушташ варо,
Доманаш бурданд то гардан фаро.
Ду нафар аз дасту пояш доштанд,
Кард сар мири ғазаб: «бир, экки, уч…»
Мефаромад зарбаҳо бар пушти луч,
Канда ҳар як зарбааш як лахти гӯшт.
Кӯфт дарҳам пораҳои сахти гӯшт.
Дурра шуд аз хун чу шохи арғувон,
Аз лаби Айнӣ наомад як фиғон.
Баски дар пушташ намонд яз гӯшт ҳеч,
Устухон аз зарбаҳо мехӯрд печ.
Чун ҳисоби дурраҳо бишнид: Шаст,
Гӯиё ҷисмаш ба ҳафзи хун нишаст.
Як замоне шасту шаш омад ба гӯш,
Издиҳому миш-мишаш омад ба гӯш,
«Ин чӣ сагҷоне, ки ҳоло зинда аст,
Ғарки хуну сар ба боло зинда аст…»
Боз нӯҳ зарби дигар омад ба пушт,
Ӯ нигаҳ бар қӯшбегӣ кард, кушт.
Дид майдон, к-офтоби тозарӯ
Медамид аз шонаи хушнори ӯ!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail