Он, ки аз сунбули ӯ ғолия тобе дорад

Он, ки аз сунбули ӯ ғолия тобе дорад,

Боз бо дил шудагон нозу итобе дорад.

Аз сари куштаи худ мегузарад ҳамчун бод,

Чӣ тавон кард, ки умр асту шитобе дорад.

Моҳи хуршеднамояш зи паси пардаи зулф,

Офтобест, ки дар пеш саҳобе дорад.

Чашми ман кард ба ҳар гӯша равон сели сиришк,

То сиҳисарви туро тозатар обе дорад.

Ғамзаи шӯхи ту хунам ба хато мерезад,

Фурсаташ бод, ки хуш фикри савобе дорад.

Оби ҳайвон агар ин асг, ки дорад лаби дӯст,

Равшан аст ин, ки Хизир баҳра саробе дорад.

Чашми махмури ту дорад зи дилам қасди ҷигар,

Турки маст аст, магар майли кабобе дорад?

Ҷони бемори маро нест зи ту рӯйи суол,

Эй хуш он хаста, ки аз дӯст чавобе дорад!

Кай кунад сӯйи дили хастаи Ҳофиз назаре,

Чашми масташ, ки ба ҳар гӯша харобе дорад.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail