ОН ЧИ ДИЛ ГУФТ…

Он чӣ дар дафтари ман мехонӣ,
Он чиро шеъру ғазал медонӣ,
Шеър не, балки навои дили ман,
Ба Ватан меҳру вафои дили ман!
миннати кас напазируфтам ман,
Он чӣ дил гуфт бигӯ, гуфтам ман.
Ман бо фармони дилам побандам,
Дил ба фармони Ватан!Хурсандам!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close