Онон

Онон. ки хокро ба назар кимиё кунанд,

Оё бувад. ки гӯшае чашме ба мо кунанд?

Дардам нуҳуфта беҳ зи табибоне муддаъӣ.

Бошад, ки аз хазонаи ғайбам даво кунанд.

Маъшуқ чун ниқоб зи рух дар намекашад,

Ҳар кас ҳикояте ба тасаввур чаро кунанд?.

Чун ҳусни оқибат на ба риндиву зоҳидист,

Он беҳ, ки кори худ ба иноят раҳо кунанд.

Бе маърифат мабош, ки манязиди ишқ,

Аҳли назар муомила бо ошно кунанд.

Ҳоли даруни парда басе фитна меравад,

То он замон, ки парда бар афтад, чиҳо кунанд?

Гар санг аз ин хадис бинолад, ачаб мадор,

Соҳибдилон ҳикояти дил хуш адо кунанд.

Май хӯр, ки сад гуноҳ зи ағёр дар ҳиҷоб,

Беҳтар зи тоъате. ки барӯву риё кунанд.

Пироҳане, ки ояд аз ӯ бӯйи Юсуфам,

Тарсам, бародарони ғаюраш қабо кунанд.

Бигзар ба кӯйи майкада, то зумраи ҳузур

Авкоти худ зи баҳри ту сарфи дуъо кунанд.

Пинҳон зи ҳосидон ба худам хон, ки мунъимон,

Хайри ниҳон барои ризои Худо кунанд.

Ҳофиз, давоми васл муяссар намешавад,

Шоҳон кам илтифот ба ҳоли гадо кунанд.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail