Ошиқ

Ошиқ ҳама кас, валек Маҷнун яктост,
Олам ҳама сангзору зар кампайдост.
Чун оби тамоми баҳру қулзум шӯр аст,
Як чашмаи кӯҳсори мо беҳ з-онҳост.
Шеъре, ки зи мағзи дилу ҷон мегӯям,
Оё паи умри ҷовидон мегӯям?
Деҳқон на паи умри абад кишт кунад,
Ман ҳам сухане чу деҳқон мегӯям.
Афзун бувад аз савоби ман тақсирам,
Ҳам беш бувад хатоям аз тадбирам.
Ҳарчанд ки майли ман ҳама бар некист,
Дар байни гуноҳҳо назарногирам.
Озод набудаам зи озодии хеш,
Обод набудаам зи ободии хеш.
Бадбахтам аз он ки будаам якроҳа,
Хушбахтам аз он ки будаам ҳодии хеш.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close