ОШНОЁН

Ба феъли ошноён ошноям,
Зи ошноён наёфтам ошно кас.
Ҳама даъво кунанд аз ошной,
Надоранд ошной як сари хас.
***
Ҳайф, ба хоб бигзашт шабҳои дароз,
Рӯзаро хӯрда нахондем рӯз намоз.
Пас чӣ тавр пеши Худо рӯзи ҳашр,
Мову ту бошем он ҷо сарфароз?
Аз барои одамӣ қиммат чӣ чиз?
Қиммат аз чизи дигар умри азиз,
Одамон донанд ғанимат умрро,
Нагзарад беҳуда аз ман, аз ту ту низ.
***
Ту камбағал, на бой,
Чашми ибрат кушой.
Чор мисра шеър надонӣ,
Аз шоире рубои.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close