ОШХОНАИ ВАЙРОНАЕ

Дар лаби оби равон,

Дар қади роҳи калон,

Дар маҳалаи Гулистон.

Ҳаст як ошхонае,

 

Обаш лою ҷӯй ифлос,

Рӯи катҳо бепалос.

Ҷуммаки ҳар чойникаш,

Мӯрии кошонае.

 

Бо димоғи чоқу соз.

Ой агар чун мизоҷ,

Пашша ба гирди сарат

Мешавад парвонае.

 

Тӯппаи лағмони хом,

Чун сақич часпад ба ком,

Оби шӯре шӯробояш.

Ку дар он як донае?

 

Мудираш – акрамтағо,

Кай кунад бар ту нигоҳ,

Ошхонааш дар назар

Сурати вайронае.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail