ОСМОН БОШАДУ ПАҲНОИ ДИГАР

Қафаси синаи ман боз кунед,
Ки дар он мурғи дилам побанд аст.
Ҷуфти ҳамболу парам дур равад,
Чӣ кунам, дил, ки варо пайванд аст.

Мурғи ҳамболи ман, эй мурғи ҳаво,
Во шавад пеши ту афлоки дигар,
Мани дар рӯйи замин по дар банд,
Бикашам бар сари худ хоки дигар,

Ки надорам ҳаваси бишкастан,
Балки хӯ карда ба ин банд дилам.
Дили ман буд чу шоҳин озод
То шуд омӯхта, ҷон канд дилам.

Лек ёдаш бирасад гоҳе боз,
Ки бувад манзилу маъвои дигар,
Ки ба ғайр аз қафаси зарринаш
Осмон бошаду паҳнои дигар.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail