Остин

Аз маломат хонаам оромгоҳи гул шавад,
Ҷуғз дар вайронаи ман ояду булбул шавад.
Дасти навмедӣ парешоихотириҳои маро
Ҷамъ агар созад, ба дӯши орзу кокул шавад.
Гар шавад равшан чароғам, шоҳи гул гардад падид,
В-ар шавад хомӯш, дудаш дастаи сунбул шавад,
Мегазад лабҳои доман пойи хоболударо,
Остин силӣ занад дасте, ки дур аз пул шавад.
Нохудоро, Сайидо, аз шӯри баҳр андеша нест,
Мавҷҳои пурхатар дарёдилонро пул шавад.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close