ОТАШИ ҶАВОНИЮ ИШҚ

Шӯъла зан оташи ҷавонию ишқ,
Бо ту хуб аст зиндагонию ишқ!

Нури Норак, ки шӯълаи дили туст,
Зиндагиро намуд дигарсон.
Шӯъла зан! Роҳи мо намо равшан,
Ҳамла орем бар сари Роғон!

Кӯҳсор аст Тоҷикистонам,
Ганҷи дунё нуҳуфта дар дили ӯст.
Шӯъла зан оташи ҷавонию ишқ,
Ганҷ дар интизори мову туст!

Самаре дод ранҷу заҳмати халқ
Чеҳраи ин диёр гулгун гаш.
Лек, бингар, ҳанӯз бисёр аст
Ташнаву хушкком водию дашт.

Шӯъла зан оташи ҷавонию ишқ,
Ҳусни нав бахш зиндагониро.
Ҳар куҷое, ки ҳаст дашти куҳан,
Зиндагӣ бахшу навҷавониро.

Шӯъла зан!
Мон, ки шӯълаи дили ту
Бикунад гарм рӯи дунёро.
Аз хасу хори олами кӯҳна
Пок якбора то шавад ҳама ҷо.
Сӯи ояндаи бузурги ҷаҳон
Раҳсупорем, дил пур аз уммед,
Ҳамраҳи мо бибошу бар сари мо
Нурфишонӣ намой чун хуршед. –
Оташи ишқи мо, ҷавони мо!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close