ОВОЗИ “АВРОРА”

Зи ҳар як гул, зи ҳар як навниҳоли боғ,
Зи ҳар як чашмаи кӯҳсори тоҷикон,
Зи ҳар як ғӯзаи бишкуфтаи пахта,
Зи ҳар тори рубоби ҳофизи даврон,
Зи ҳар як хонаи ин хонадони пок,
Зи набзи зодагони меҳнату тӯфон, –
Ба гӯшам мерасад овози “Аврора”.

Агар бар сӯи мактаб баччагони халқ,
Равон гашта, суруди бахт мехонанд,
Диловарҳо ба вақти кору роҳатшон
Сухан дар ҳифзу нафъи сулҳ меронанд,
Барои коммунизм хизмат намуданро
Ба худ болотар аз ҳар чиз медонанд, –
Ба гӯшам мерасад овози “Аврора”.

Ҳар он боре, ки метаркад дили кӯҳе,
Кушояд бар заводи нав дари маъдан,
Чароғи барқ бо нури дилафрӯзаш
Деҳоту шаҳри моро мекунад равшан,
Ба ҷунбиш медарояд, карда фарёде,
Машина бо раҳи мустаҳками оҳан, –
Ба гӯшам мерасад овози “Аврора”.

Намегардад ба хушбахтии мо хомӯш,
Садои шӯҳрати “Аврора” дар олам.
Чӣ сон хомӯш гардад он садои хуш,
Ки шуд бедор бо он оламу одам.
Ки дар он даъвати Ленин ба озодист,
Ки дар он қудрати Октябри аъзам!
Ба гӯшам мерасад овози “Аврора”!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close