ОВОЗИ ХАЛҚ

Ман намехоҳам, ки аз нав дуди ҷанг
Тира созад осмони софро,
Сар ба сар гарданд вайрону хароб
Боғҳову деҳаҳою шаҳрҳо.

Ман намехлҳам, ки аз нав модарон
Ашк резонанд, баҳри кӯдакон,
Баччаҳои бахтёри ман шаванд
Дур аз оғӯши гарми модарон.
Бахти ман, колхози ман фабрикаам,
Меҳнати ман, санъати ман, шеъри ман–
Сулҳпавар,Сулҳу амниятталаб,
–Сулҳ даркор аст, –мегӯяд Ватан.
Ташнаи сулҳ аст дунё.
– Сулҳ! Сулҳ!
Ин сухан вирди забони халқҳост.
Сулҳ лозим!Сулҳу амният зарур –
Аз барои хадқ чун обу ҳавост.
Сарфарозам ман! Диёри фотеҳам
Сулҳпарвар.
Ман барояш почӯсбон.
Сулҳро овоз дода мешавам
Ҳамсадои сулҳҷӯёни ҷаҳон.
Ман намехоҳам, ки хуни халқро
Хунхӯрон резанд аз нав ҷӯй-ҷӯй.
Менамоям меҳнату бо ҳосилаш
Зарба меорам ба фарқи ҷангҷӯй.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close