ОХИРИН НЕКӢ

Туро номурда куштам ман,
Туро дар хеш гӯрондам.
Биё, худро зиёрат кун!
Биё, як дам нишин дар гӯшаи вайронаи қалбам,

Ба ёди рӯзҳои рафта беҳосил
пушаймон шав, маломат кун.
Ба ёдат гирдгаштанҳои дунёро надонистам,
Сафар бигзашту мисли сафҳаи тақвим
кам гаштам,

Зи ту оростам аз баҳри худ меҳроби ихлосе,
Фурӯ рафтам ба худ, аз баҳри худфарсоӣ
бигзаштам.

Ба гӯшат шеър хондам,
Ба ту аз олами фардои худ пайғомҳо додам.
Таҷассум карда дар рӯи ту ҳусни ҷумла хушрӯён
Ба рангу ҷилваҳои ҳусни хубат номҳо додам.

Дареғо навбаҳори бебарори орзуҳоям!
Дареғо хонаи навсохта нодида меҳмонам!
Ман акнун дар вуҷуди хеш хоҳам сохт қабристон,
Ман акнун бар гузашти хештан падруд мехонам!

Муҳаббат гар набошад, қадрдонӣ ҳаст дар одам,
Садоқат гар набошад, ҳаст расми посдориҳо.
Ту эй бегонаи чашмошно, ҷое бихоҳӣ рав,
Ба ту пайғом хоҳам дод рӯзе мурдани худро.
Туро дар хеш гӯрондам,

Ман акнун гӯрбонат мешавам то охири умрам.
Маё бар дидани ман, лек гоҳе ёд кун худро,
Биё худро зиёрат кун.

30.3.1965

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close