Бехабар Озодбек

Зи ғунчаи дили мо бехабар бувад гули мо,
Даруни байза хазон шуд баҳори булбули мо.
Садо баланд накардем аз тиҳидастӣ,
Зи санги сурма бувад соғари таваккули мо.
Ба гулшане, ки дар ӯ булбули хушилҳон нест,
Шукуфтагӣ накунад ғунчаи тағофули мо.
Ба зӯри оҳ туро мо нигоҳ доштаем ,
Ба сарви қадди ту печидааст сунбули мо.
Қади хамидаи моро аҷал камин карда,
Нишаста сели ҳаводис ба сояи пули мо.
Зи шона карда ҷудо дасти мову мегӯяд:
Сазои он ки расонад забон ба кокули мо.
Зи ғунчаҳои чаман мекашем рӯзардӣ,
Бувад чу барги хазондида дасти бепули мо.
Нишастаем дар оташ, чу Озодбек, ҳама умр,
Сипанд сӯхта аз ғайрати таҳаммули мо.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail