ПАДАР

Кош, рӯзе меҳмони ман шавӣ,
Меҳмони духтари худ эй падар!
Кош бо дидори худ равшан кунӣ
Хонадони духтари худ, эй падар!

По бимон бар остони духтарат,
Дур аз гардан фикан ин гуна нанг.
Гарчӣ даргоҳи писар бошад кушод,
Ошёни духтарат ҳам нест танг.

Оҳ, дар роҳат ду чашмам чор шуд,
Кош оӣ аз дари ман ногаҳон.
Аз сарат пошида меҳри хешро,
Пойандози ту созам ин ҷаҳон.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close