Падид омад русуми бевафоӣ

Падид омад русуми бевафоӣ,

Намонд аз кас нишони ошноӣ.

Баранд аз фоқаназди ҳар хасисе

Кунун аҳли ҳунар дасти гадоӣ.

Касе, к-ӯ фозил аст имрӯз дар даҳр,

Намебинад зи ғам як дам раҳоӣ.

Валекин ҷоҳил аст андар дар танаъъум,

Матои ӯ чу ҳаст ин дам баҳоӣ.

В-агар шоир бигӯяд шери чун об,

Ки дилро з-он физояд равшаноӣ.

Набахшандаш ҷаве аз бухлу имсок,

Агар худ филмасал бошад Саноӣ.

Хирад дар гӯши ҳушам дӣ ҳамегуфт:

«Бирав, сабре бикун дар бенавоӣ!

Қаноъатро бизоат созумесӯз,

Дар ин дарду ано чун най навоӣ».

Биё, Ҳофиз, ба чойи ин панд бишнав,

Ки гар аз по дарафтӣ бар сар оӣ.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail