ПАДРУДИ ВАРЗОБ

Бор бандам зи ту, Варзобдара,
Хайр то соли дигар.
Орад ин соли навинам самара,
Назанам фоли дигар.

Хайр, эй хонаяки чӯбиамон,
Ту кунӣ навҳаву нолиш дар бод.
Нолад ин сон ба ҳавои борон
Устухонҳои маризи тарбод.

Баргатон рехта, эй ар-арҳо,
Ҳамчу шамъе ҳама тан урёнед.
Худ ба худ сӯхтани шоирро
Шаб ба шаб дида, ачаб ҳайронед.

Хайр, эй хонаву эй ар-арҳо,
Сабзаи сӯхтаи пуштаи деҳ,
Кокули бед ба рӯйи дарё,
Ки занӣ дар хами гирдоб гиреҳ.

Хайр, эй рӯд, фақат бар ту равост
Роҳи мақсуд сипардан ба нишеб.
Роҳи инсон зи азал бар болост,
Кӣ равад паст, хурад сахт фиреб.

Хайр, эй кӯҳу раҳи болоям,
Маснаду мартабаи волоям,
Дар дили хеш туро шаҳр барам,
К-аз баландии ту бар худ нигарам.

Хайр, эй қуллаи сарманзили ман,
Шукри он барфи сафопарвари пок,
Назанад рӯ ба сиёҳӣ дили ман,
Ки туйӣ дадр назарам – мазҳари пок.

Хайр,эй ҳикмати кӯҳу дараҳо,
Эй шубон, хар қадамат панди яқин,
Ғарқи андешаи ҳастӣ ба ассо
Бизанӣ такя чу бар тири замин.

Хайр, хуш бош ту , эй марди расо,
Ман қаламро бикунам ҷойи ассо.
На асое ки барад лангонам,
Бал асое ки барад сӯйи само.

То ба он рост кунам қомати хеш,
Нек бинам уфуқи дуродур,
Накушоям раҳ агар ҷониби пеш,
Ҳар кассу пою гилемаш, маъзур.

Хайр, эй мизи хароби ларзон,
Фориғ аз ман шавию ранҷи қалам,
Баски н-орам сари ту бори ҷаҳон,
Накунам арсагаҳи шодию ғам.

Хайр, эй чашмаи симини равон,
Ки зи кас саргаҳи ту пинҳон аст,
Ҳамчу шеъре, ки биёяд ба забон,
Лек сарчашмаи он дар ҷон аст.

Хайр, эй чашмаи гул, чашмаи роз,
Об чун рафт ба ҷӯ, н-ояд боз,
Насли инсон, ки раҳии абад аст,
Боз ояд магар аз роҳи дароз.

Монад, эй чашма, зи ту хонаи об,
Пайраҳе баъди ман оё монад?
Чанде оё нашавад кӯру хароб,
Раҳрави дигар аз он по монад?

Хайр, Варзобдара, раҳ бубарам
Сӯйи пойин за макони воло.
Во аҷаб, бар дави мошин нигарам,
Роҳ чун тир равад рӯболо…

***
Кӯ ба кӯ боди нохуши пойиз
Оҳи пурдарди боғҳо гӯяд.
Резаборон чу оби чашми хазон
Гард аз рӯйи боғҳо шӯяд.

Ман зи қолу мақоли ин дунё
Мегурезам ба боғ як нафасе,
То ғаме хештан ҳикоя кунам
Нафасе бо дарахт чун ба касе.

Зиндагӣ заҳр дораду позаҳр,
Ғаму шодию хандаву нола.
Барги яксоларо чӣ рӯзардист,
Дар дили ман ғамест сисола.

Ғами сисола нест, медонам,
Ғами пири расида бар ҳафтод.
То дарахте зи бод меларзад,
Навбуд аз бех бишканад, эй дод!

Ман ба ёре кушодаам оғӯш
Бо умеде, ки ӯ баҳори ман аст.
Нек бинам дилаш чу яхпора,
Пайкари сард дар канори ман аст.

Гар дарахти тановарам ба назар,
Нест бокам зи ҳамлаи бӯрон,
Ҳар замон лек сахт меларзад
Решаам аз хиёнату бӯҳтон.

Дарду ҳасрат кунам ба танҳоӣ
Аз ғами худ ба баргу боронҳо.
Ман дигар ҳеҷ гаҳ нахоҳам кард
Ба касе шикваи гаронҷонҳо.

Ба ғами касс гиристан осон аст,
Шод будан зи бахти кас мушкил.
Гиряро оби чашм агар кофист,
Баҳри тақсими бахт бояд Дил.

Мо, ки мардем, марди соҳибдил,
Хоки мардигарӣ кашад моро.
Кини душман ба назди мо саҳл аст,
Ҳасади дӯстон кушад моро…

Кӯ ба кӯ бодҳойи сарди хазон
Оҳи ошуфтаи дилу ҷон аст.
Дар сари мижжаи санавбари сабз
Оби борон чу ашк ларзон аст.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail