ПАНДИ ПАДАР

Чун падарро мо намудем гӯру чӯб,
Аз падар бо мо бимонд чанд панди хуб:
***
Одамон аз маърифат ёфтанд қадр,
Маърифатдорон нишинанд ҷои садр.
***
Маърифат бояд ба одам ҳам адаб,
Ҳам тавозӯъ- хоксорӣ рӯзӯ шаб.
***
Дӯст то душман на гардад дар ҳаёт,
Дар сухангӯй намоед эҳтиёт.
***
Ҳар кӣ хоҳад кори ӯ гирад барор,
Меҳрубон бошад ба хешу ҳам табор.
***
Ҳар куҷо бошӣ ту дар шаҳр ё ки деҳ,
Гоҳ-гоҳ чизе ба дарвешон бидеҳ.
***
Ҳар чӣ гуфт бо мо насиҳат он падар.
Мухтасар овардам ин ҷо ин қадар.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close