Панду Хикмат аз Фирдавси

Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
Хирад зиндаи ҷовидонӣ шинос,
Хирад мояи зиндагонӣ шинос.

Ки бар анҷуман марди бисьёргӯй,
Бикоҳад зи гуфтори хеш обрӯй.
Агар донише мард ронад сухан,
Ту бишнав, ки дониш нагардад куҳан.

Зи фарзонагон чун сухан бишнавем,
Ба рою ба фармоншон бигравем.
К-аз эшон ҳаме дониш омӯхтем,
Ба фарҳанг дилхо барафрӯхтем.

Ҳама рои ту бартарӣ ҷӯстан аст,
Ниҳони ту чун ранги Аҳриман аст.
Ба гети ҳама тухми зафтӣ макор,
Битарс аз газанду бади рӯзгор.

Бибахшой бар мардуми мустаманд,
Зи бад дар бошу битарс аз газанд.
Бибахшой аз дард бар мустаманд,
Маёвар дилаш сӯи дарду газанд.

Мабодо ба ҷуз бахт ҳамроҳатон,
Шуда тира дидори бадхохатон.
Ба некахтару тандурустӣ шудан,
Ба пирӯзиву шод боз омадан.

Ҳар он кас, ки бигрезад аз коркард,
Аз-ӯ дур шуд ному нангу набард.
Ҳама коҳили мардум аз баддилист,
Ҳамовоз бо баддилӣ коҳилист.

Чу некӣ намоянд, подош кун,
Мамон то шавад ранҷи некон кухун.
Ҳунармардро шоду наздик дор,
Ҷаҳон бар бадандеш торик дор.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close