Париж — ШАҲРИ ШАҲРҲО

Як замон рафтам ба пойтахти Фаранг,

Шаҳри сарафроз, Парижи қашанг.

Рӯи Эйфел, бо гуруҳи дӯстон

Даври ҳам будем мо сӯҳбаткунон.

Як нафар аз мардуми машриқзамин

Гуфт: «Ин шаҳри муаззамро бубин!

Шаҳре ин сон буд агар дар мулки мо,

Халқи мо яксар дар он мекард ҷо».

Шахсе аз парижиён к-онро шунид,

Гуфт бо он одами Шарқи баид:

«Оре, андар ҳаққи ин шаҳри кабир

Мо масал дорем бо мазмуни зер:

Бо дуто ҳарфи «агар» Парижро

Метавон дар тухми мурғе дод ҷо,-

Шаҳр «агар» ногаҳ шавад он қадр хурд

Ки тавон дар дохили тухмеш бурд,

Тухм «агар» бо мӯъҷиза гардад калон

Он қадар к-ин шаҳр ҷо гирад дар он».

Хандаҳо карданд ҳамроҳони ман,

Ман будам дар фикр вақти он сухан.

Шахси парижӣ ба ман гуфт: эй рафиқ,

Дар чӣ дарё гаштаӣ ин сон ғариқ?

Гуфтамаш: дар баҳри як шаҳри дигар,

Шаҳри пур таъриху осору ҳунар.

Соҳати он хурдтар з-ин шаҳр нест,

Шаҳри пурнуре чу он дар даҳр нест.

Ман дар он гардидаам ғарқ, эй шигирд,-

Ӯ худаш андар дили ман ҷо гирифт,-

Дар диле ҷо гирад он шаҳри калон,

Ҳаҷми дил тангӣ надорад баҳри он.

Лек ӯ ба як «агар» мӯъҷиз кунад,

Хаймаи худро ба дашти дил занад:

Он «агар» ин аст:агар дил равшан аст,

Поку якранг, аз дурангӣ эмин аст,

Не бурун софу даруни он – дуранг,

Ҳамчу тухми мурғ дар нақли фаранг.

Ҷо кунад он шаҳр дар қалби накӯ,

Дар дили бадсиратон онро маҷӯ,

Дар дили ҷаллодҳои одамӣ

Кай кунад ҷо шаҳри бо он хуррамӣ,

Он ки рӯи халқи олам сӯи ӯст,

Ҷонфизо номи  хуши дилҷӯи уст.

Шаҳри меҳрангез, шаҳри шаҳрҳо,

Манбаи фазлу ҷавонию даҳо,

Шаҳри кӯшиш, шаҳри санъат, шаҳри кор,

Шаҳри бахту шаҳри шаъну ифтихор,

Такягоҳи ҷумла мазлумони даҳр…

Маскав аст он, Маскав аст он шӯҳра шаҳр,

Шаҳри маҳбубу муқаддас к-андар ӯст

Марқади поки Ленини халқдӯст.

Дасти русӣ сохт ин шаҳри калон,

Хонаи уммеди ҳар халқи ҷаҳон.

То дили поке ба дунё зинда аст,

Ин дили дунёи нав поянда аст.

1947.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close