ПАСТӢ НАКУНӢ, КИ ПАСТ ГАРДӢ

Толеи халқам баланд,
Он пасткораш гашт паст,
Ҳар кӣ инкори сухан кард,
Дид дар охир шикаст.

Шуд ахир қаддат дуто
Дар асрҳо,
Қаднамоиро, нигар,
Имрӯз ҳаст.

Қадру қимат рост карданро
Кунун имкон расид,
Бас дигар бединию
Масту аласт.

Не худатро, бал писандӣ
Дигаре, афсонааст,
Ғайрро таъриф созӣ,
Номи ту миллатпараст.

Ғайрро тавсиф кунам,
Айбе набошад, дӯстон,
Ин шарафро розиам
Бар душманонам қаоди қасд.

Ин саодат не,
Касонро ихтиёр,
Баргузашт он давру даврон,
Буд он дастобадаст.

Ӯлмасо, акнун ҳаётатро
Ба назм овар ба меҳр,
Шӯъла афкан бар варақҳоят
Ба шасти бешикаст.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail