БА МУНОСИБАТИ ШАСТСОЛАГИИ  ПАВЛО ТИЧИНА

tichina174

То шунидам созашро тор ба тор,

Ҷон гирифтам чун аз бӯи баҳор.

Аз он дам хондам, такрор дар такрор,

Бо завқ, байтҳои равонпарвараш.

 

Шаст сол ст ки ӯ омад ба дунё,

Чил сол аст месарояд, аммо,

Чун ман, чун ҳама мардуми Шӯро,

Сию се сол аст умри пурбараш.

 

Гул асту пӯлод аст ашъори ӯ,

Ҷовидон аст ному осори ӯ,

Мӯъҷизкор аст халқи кибори ӯ.

Шод бод ҳам Тичина, ҳам кишвараш!

Январи 1951.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail